28.1.11

М. Кабирӣ «Набояд дар паси ин пешниҳод ягон омили фавқулоддаро ҷустуҷӯ кард.»

М. Кабири (Раиси ХНИТ), сурат аз торнамои Нахзат
Аз замоне, ки мавзӯъи маҳдудияти раҳбарӣ дар ҳизб аз номи раҳбари ҲНИТ дар ҷомеа матраҳ шуд, дар миёни мардум аксуламалҳои мухталиферо ба вуҷуд овард. Баъзеҳо тибқи бардоштҳои худ мавзӯъро матраҳ карданду онро ба гунаҳои мухталиф шарҳу тавзеҳ доданд, ки сабаби пайдо шудани бархе пурсишҳо дар зеҳни инсонҳо гаштааст. Ҳатто аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб низ дар ин мавзӯъ саволҳое доштанд, ки ба онҳо ҷавоб гирифтан мехостанд. Мо маҷмӯи ин саволҳоро дар назар гирифтем ва бо устод Муҳиддин Кабирӣ мусоҳибаи зеринро анҷом додем. 

Устод баъд аз матраҳ шудани мавзӯъи маҳдудияти раҳбарӣ дар ҳизб, ҳар кас ба гунаи хоссе ин мавзӯъро бардошт кардааст. Инро дар расонаҳо ҳам дидем. Аммо аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб низ бо саволҳои мухталиф дар ин робита ба мо муроҷиат мекарданд, ки лозим донистем ҷавоби ин саволҳоро аз худи шумо бишнаванд. Ба ҳамин хотир мо дар воқеъ саволҳои онҳоро ба шумо мерасонем.

Савол: Пеш аз ҳама хонандагон мехоҳанд ҳадаф аз матраҳ шудани ин масъаларо бидонанд. Агарчӣ то ҳудуде мушаххас ҳам бошад, вале баъзеҳо мегӯянд ин иқдом ба хотири ҳаводиси Тунис буд ва бархе дигар далоили дигареро матраҳ мекунанд. Аммо дар воқеъ ҳадаф аз тарҳи ин масъала чист?

Ҷавоб: Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон.
Ин пешниҳоде нест, ки имрӯз пайдо шуда бошад.  Ҳануз марҳум Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ният доштанд,ки ин масъала дар Ойинномаи ҳизб дарҷ гардад, то давраи раисии паёпайи як нафар маҳдуд гардад. Ҳатто, боре дар  ҷаласаи роҳбаритяи ҳизб пешниҳод карданд, ки ба истеъфо раванд ва каси дигар ба ҷойи эшон раис интихоб гардад. Агарчӣ ин пешниҳод бо аксари овозҳо  рад гашт. Вале, андешаи маҳдуд гардонидани давраи раисӣ дар ҳизб боқист. Набояд дар паси ин пешниҳод ягон омили фавқулоддаро ҷустуҷӯ кард. Таҷрибаи башарият исбот кард, ки ба муддати тӯлонӣ дар як симмат кор кардани инсон созанда ва самаранок нест, балки ба рукуд ва карахтӣ мерасонад. Ин танҳо ба масъалаи роҳбар ва раис рабт надорад. Ҳатто коргари оддӣ ҳам дар як ҷой тӯлонӣ фаъолият намояд, самараи кораш кам хоҳад шуд. Барои ҳамин, асли " ҷойивазнамоӣ " (ротация) дар фарҳанги коргузорӣ ва мудирияти миллатҳо ва кишварҳои пешрафта яке аз аслҳои муҳим ва ҳатмӣ шинохта мешавад.
Ҳадафи аслӣ роҳандозӣ кардани таҷрибаи муфид ва пешрафтаи мудирият мебошад, ки таърихи башарият онро исбот кардааст.

Савол: Оё ин кор ҳизбро дучори ихтилофоти дохилӣ ва гурӯҳӣ намекунад?

Ҷавоб:  Агар мо даъвои онро дорем, ки ҳизбамон ниҳодина шудааст ва ба сурати ташкилот амал мекунад, набояд аз чунин ислоҳот битарсем. ҲНИТ чунин имтиҳонҳоро гузаштаст ва реҳлати Устодон моро пазонд. Мо исбот кардем, ки рафтан ва омадани афрод ҳизбро аз масираш берун нахоҳад кард. Барои ин механизмҳои дохили ҳизбии мо хеле хуб кор медиҳанд. Чун аксари тасмимҳои мо дастаҷамъӣ ва тибқи принсипи шӯро гирифта мешаванд, таъсири шахсиятро  мо ба сатҳи минималӣ расондаем.

Савол: Дар сурати қабул шудани пешниҳодатон, шумо ду даври дигар раҳбарии ҳизбро қабул мекунед? Ба шарти оне, ки Раёсат ва Шӯрои Сиёсии ҳизб онро бихоҳанд.

Ҷавоб: Хеле аҷиб аст, ки бисёриҳо асли масъаларо канор гузошта, саволеро матраҳ мекунанд, ки баъдан кӣ Раис мешавад? Мо бояд дар аввал талош намоем, ки ин асл вориди Ойиннома шавад ва ҳамчун принсип онро дар ҷомеъа матраҳ намоем. Масъалаи раисии ду давраи дигар ҷузъ мебошад ва онро дар вақташ баррасӣ хоҳем кард. Иншоаллоҳ, агар пешниҳод қабул гардад, боз фурсат тибқи ойиннома вуҷуд дорад ва то тамомшавии муҳлатҳои ойинномавӣ дар хидмати бародарону хоҳарон хоҳем буд, агар онҳо бихоҳанд ва умр боқӣ бошад. Вале асл шахсият нест, принсип аст ва манфиатҳои ҷомеъа.

Савол: Масъалаи дигаре, ки аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб ва ҳатто таҳлилгарон бештар рӯи он масъалагузорӣ мекунанд, ин масъалаи кадрӣ дар ҳизб аст. Хелеҳо ин саволро мепурсанд, ки дар ин муддат оё шумо шахсиятҳои лоиқеро барои раҳбарии ҳизб омода кардаед? 

Ҷавоб:  Савол хеле муҳим аст. Имрӯз ҳам мо на як-ду нафар, балки даҳҳо касонеро дорем, ки метавонанд масъулиятро ба дӯш бигиранд. Аз тарафи дигар, ҳоло фурсати зиёде дорем, ки шахсиятҳои дигар ҳам дар канори бародарону хоҳарони омода ба саҳна биёянд ва худро матраҳ созанд. Ба фикри мо, худи тарҳи масъала боиси рушди шахсиятҳо ва насли ҷавон дар дохили ҳизб бояд бигардад. Ин масъала ду паҳлӯ дорад. Яке, бояд роҳбарият дар фикри тарбияти насли нав ва кадрҳои роҳбарикунанда бошад, ки мо инро руйи даст дорем. Дуввум, худи шахс бояд заҳмат бикашад ва худро матраҳ намояд. Роҳбарият танҳо метавонад фазоро барои рушд ва омодашавии чунин шахсиятҳо фароҳам биёрад. Мо имрӯз барои насли ҷавон дар чорчӯби имконотамон шароитро ба вуҷуд оварда истодаем, ки ҳатто гоҳо барои ҷавонгаройии аз ҳад зиёд танқид ҳам мешунавем. Бисёр мехостам, ки ҷавонони мо аз қолабҳои фикрии шахсиятҳои пешин берун биёянд ва худ қолаби худро бисозанд. Инчунин, шароит ба вуҷуд биёранд ва барнома дошта бошанд, ки битавонанд қолабҳои сохтаи дигаронро  бишикананд ва таҳаммулу инъитофпазирии онро низ дошта бошанд, ки наслҳои баъдашон қолабҳои онҳоро бишкананд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем аз ҳолати карахтӣ ва рукуд як сохторро наҷот бидиҳем. Чӣ сохтори ҳизбӣ бошад, чӣ давлатӣ ва чӣ ҷамъиятӣ . Манзур, бештар қолабҳои фикрӣ ва андешаӣ мебошад, на танҳо қолабҳои идорӣ ва сохторӣ.

Савол: Баъзеҳо бар ин назаранд, ки шумо аз раҳбарии ҳизб ва кори зиёд хаста шудаед ва ба ҳамин хотир мехоҳед аз зери бори масъулият шона холӣ кунед. Оё воқеан шумо аз корҳои зиёд эҳсоси хастагӣ мекунед?

Ҳоло эҳсоси хастагӣ надорам, агарчӣ кор сабук ҳам нест.. Бояд аз масъулони ҳизб миннатдорӣ кард, ки дар анҷоми масъулият хеле кумак мерасонанд ва намегузоранд, ки боиси хастагӣ гардад. Агар шӯхиомез бигуем, чор сол тибқи "меъёрҳо"и осиёӣ ним давраи "таҷрибаомӯзӣ " ҳисоб мешавад ва дар бораи хастагӣ гуфтан барвақт аст. То имрӯз нашунидаам, ки касе аз роҳбарӣ хаста шуда бошад ва ҳатто, агар хаста ҳам бошанд, ошкор намесозанд. Вале, ҳамаи мо инсон ҳастем ва қудрати зеҳниву ҷисмонии ҳар кадоми мо маҳдуд аст. Инсон пеш аз он, ки хаста шавад ва дигарон бигӯянд, ки "дам бояд гирифт" худаш инро бояд  дарк намояд ва дар кораш дигаргуние дароварад. Ба назари мо, дигаргунӣ дар кор ва масъулият имкониятҳо ва нерӯи навро дар инсон бедор месозад, ки аз он худи иснон ва атрофиён баҳра мебардоранд. Ворид намудани маҳдудият ҳам на ба хотири он аст, ки касе хаста мешавад ё касе ошкору пинҳон мегӯяд, ки фалонӣ хаста шудааст ва бояд дам бигирад.

Савол:  Агар шумо аз раҳбарии ҳизб раведу ба шумо аз тарафи давлат вазифае пешниҳод шавад, оё мепазиред? Зеро бархеҳо чунин тасаввур мекунанд, ки баъд аз рафтани шумо аз раҳбарии ҳизб шояд ба шумо мансабе пешниҳод шавад.

Шумо тавре савол мегузоред, ки гуё масъалаи рафтани мо аз масъулият матраҳ бошад. Масъулияти ҳизбиамро болотарин мақом барои худ медонам ва ҳоло нияти иваз кардани онро ба мақоми дигар надорам. Яке ба миллату ватанаш дар мансаби давлатӣ хидмат мекунаду дигаре дар мақоми ҳизбӣ ва саввум дар тиҷорату истеҳсолот. Ҳамаи мо новобаста аз шуғли имӯрзаамон худро бояд дар хидмати давлату миллат тасаввур намоем ва ҳар кадоми мо барои ин миллат зарур ҳастем. Инро кассе дакр мекунад, ки нигоҳи васеъ ва умумимиллӣ дорад. Тангназарон танҳо мансаби давлатиро хидмат ба миллат медонанд ва таҷриба сибот карда истодааст, ки на ҳама касс ба мансаби давлатӣ ба хотири хидмат ба мардум меомадааст. Ягон кор айб нест, агар ба хотири миллат ва ватан бошад. Имрӯз ки дар масъулияти ҳизбӣ ҳастем, онро бояд тавре анҷом диҳем , ки барои миллат хидмат карда бошем, агар фардо ҷойи дигар гузаштем, танҳо ҷой иваз мешавад, на рисолат.

Суҳбаторо Бобоҷони Қаюмзод
 

No comments:

Post a Comment