13.4.10

Вафодории Исломобод ба Устод Ҳимматзода

(Вижаи ҳафтаномаи Наҷот ва сомонаи http://www.nahzat.tj/)


Исломобод пойтахти Покистон ва шаҳраки қашангу сарсабз аст, ки дар шимол ғарби ним-ҷазираи Ҳинд воқеъ мебошад. Ин шаҳрак бо доштани масҷиди шоҳ Файсал машҳур аст. Устоди зиндаёд ва муфаккири исломӣ Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар 4 соли ҳичрат дар ин шаҳр сукунат кардааст. Устод ин шаҳракро зиёд дуст медошт ва аз тарафи дигар Исломобод ва аҳлаш ин абармарди Тоҷикро ҳам дуст медоштанд. Беҳтарин аломати муҳаббати Устод ба ин шаҳр инаст, ки вай дар тули ҳичрат дар ин шаҳрак зиндагӣ кард, гарчи дафтари муҳоҷирини тоҷик дар Пишовар воқеъ буд. Вақте, ки хабари ғамангези Устод ба инҷо расид, Исломобод ва аҳлаш ғамгин шуданд. Ҳатто вақте ин хабарро ба баъзе дустоне, ки Устодро дар инҷо дида буданд расондем оҳи сард мекашиданд ва баъзешон ашк мерехтанд.

Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода муассиси бевоситаи Иттиҳоди донишҷуёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилаллии исломии Исломобод мебошад, ки адади муҳассилини тоҷик он вақт ба 120 нафар мерасид. Ин иттиҳод то ҳол дар хидмати донишҷуёни тоҷик дар ин донишгоҳи байналмилаллӣ буда ҳарсол аз тариқи интихобот аъзои риёсаташ тағйир мешавад. Инчунин, ба ибтикори Устоди марҳум Созмони ҷавонони тоҷик дар саросари Покистон таъсис ёфт, ки то овардани донишҷуёни тоҷик ба ватан дар соли 2001 ба онҳо то ҳадди имкон кумак мекард.

Ҳамчун нишонаи вафодорӣ ба хадамоти ин шахсяти бузург, рузи ҷумъа 19 Марти 2010 ба руҳи муфаккири Исломӣ ва раҳбари маънавии ҲНИТ Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода баъди намози шом дар саҳнаи хобгоҳи Донишгоҳи байналмилаллии исломии Исломобод намози ҷанозаи ғоибона хонда шуд. Устод Сулаймон Ал-ҳавомада, шаҳрванди Урдун ва устоди калон дар факултаи Исломшиносии Д.Б.И Исломобод ҷанозаи ғоибонаро имомат кард ва садҳо муҳассилин аз кишварҳои мухталиф иштирок доштанд.

Баъди намози ҷаноза, меҳмонон ва устодони донишгоҳ ва масъулони иттиҳодияҳои донишҷуён аз кишварҳои мухталиф ба макони маҷлиси азо, ки дар дохили донишгоҳ баргузор мешуд, даъват шуданд. Раиси маҷлис Маҳмудҷон Файзраҳмонов - шаҳрванди Тоҷикистон ва устоди ҳамин донишгоҳ - маҷлисро кушод ва меҳмононро хайрмақдам гуфт. Ва баъди тиловати оёте аз Қуръони карим, раиси маҷлис аз Устод Ҳимматзода ба унвони як шахсияти нотакрор ном бурд.

Инчунин ба чанд паҳлухои шахсияти устоди марҳум хоссатан фаҳми шомил ва муътадил аз Ислом ишора карданд ва барои исботи он чанд мисолҳои зеринро аз ҳаёти Устод оварданд.

1. Вақте, ки Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар Афғонистон буд, аҳзоби муҷоҳидини афғон дар байни худ ҷангхои шадид доштанд. Ҳаракати наҳзат, ки Устоди марҳум аз раҳбарони аршадаш буд мавқифи бетарафиро дар таомул бо аҳзоби даргири Афғонистон ихтиёр кард, ки аз нигоҳи сиёси мавқифи хело оқилона ва ҳакимона буд. Ин буд, ки Ҳаракати наҳзати исломӣ дар ҳамон шароити сахти байналмилалӣ ва иқлимӣ бақои худро дар хориҷи кишвари хеш ҳифз карда тавонист.

2. Устод Ҳимматзода дар якпорча нигоҳдоштани ҲНИТ баъди фавти муассисаш Устоди зиндаёд Устод Саид Абдуллоҳ Нурӣ роли калидиро бозӣ кард ва хамеша мисли падар сарпарастӣ мекард.

3. Ҳаракат наҳзати исломии Тоҷикистон дар Афғонистон дар авҷи муқовамати низомиву сиёсӣ бо ҳукумати Душанбе ҳазорхо фарзандони муҳоҷиринро барои таълиму тарбия ба Покистон ва дигар мамолики исломӣ фиристод. Дар ҳоле, ки худаш ба ҷавонҳое, ки бояд дар майдони ҷиҳод амал кунанд сахт муҳтоҷ буд. Ин ба дарки роҳбарияти Ҳаракти наҳзат аз ҷумла Устоди марҳум ба аҳамияти таълим ва тарбия далолат мекунад. Хулласи калом, бояд шахсияти Устоди марҳум ва Устод Нурӣ (раҳмати Худованд мар онҳоро бод) ба шакли дақиқ омухта шаванд, то он ҷавоҳири хобидаро аз ин шахсиёти барҷаста барои насли оянда ироа шаванд.

Сипас, як ролик ба шакли (повар пойнт) дар бораи ҲНИТ ва роҳбарияти он ба забони арабӣ дар телвизюни калон ба ҳама ҳозирин тақдим карда шуд.

Баъди дидани ролик, сухан ба устоди калони донишгоҳ дар риштаи Исломшиносӣ устод Сулаймон Ал-ҳавомида дода шуд. Вай гуфт, ки чандин бор бо Устод Ҳимматзода дар Исломобод вохурӣ кардааст ва уро як муфаккири исломӣ бо тамкин ва наҷиб хонд ва дар бораи марг сухан гуфт.
Сипас, Иброҳим Анвар Абу-Ҳузайфа раиси Ал-надав ал-оламия лиш-шабоб ал-исломӣ бахши Покистон сухан кард. Вай бо устод Химматзода дар маҷолиси мухталиф мулоқот кардааст ва аз ҷумла гуфт: Устод Ҳимматзода мисли номаш пур аз ҳиммату азимат буд ва ҳамеша дар паи хидмат ба дигарон саъйю кушиш мекард.

Дар охир, устоди калон Сулаймон Ал-ҳавомида бо дуое ба руҳи Устоди марҳум ва дигар мусалмонон маҷлисро баст. Руҳат шод бод, Устод.

No comments:

Post a Comment